Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маъракаи хатнасур дар ш. Панҷакент

%d0%bf%d0%b0%d0%bd%d1%87%d0%b0%d0%ba%d0%b5%d0%bd%d1%82-%d1%85%d0%b0%d1%82%d0%bd%d0%b0%d1%81%d1%83%d1%80

Дастгирии ниёзмандон ва оилаҳои камбизоат таҳти ҳидоятҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳалҳои кишвар ба ҳукми анъана даромадааст.

Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат баъд аз ифтитоҳи бинои нави бахши ҳифзи муҳити зисти шаҳри Панҷакент ва ҷаласаи ҷамъбастии Раёсат бо ибтикори Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 нафар фарзандони оилаҳои эҳтиёҷманд дар тарабхонаи “Сино”-и шаҳри Панҷакент хатнасур карда шуданд.

Чунин иқдомоти наҷиб дар оянда низ идома ёфта, барои табақаҳои ниёзманди ҷомеа кумакҳои модӣ расонида мешавад.