Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи 28-уми байнидавлатии обуҳавошиносони ИДМ дар Душанбе баргузор гардид

17-18-уми октябр ҷаласаи 28-уми байнидавлатии обуҳавошиносони Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Ин навбат ҷаласа ба 90-солагии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад. Дар он намояндагон аз Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ўзбекистон, Туркманистон, Арманистон, Молдова, Беларус ва Украина иштирок ва вобаста ба муҳимтарин масъалаҳои соҳаи мазкур андешаронӣ намуданд.

Инчунин дар ҷаласа беш аз 30 масъала оид ба обуҳавошиносӣ, аз қабили мушоҳидаи шабакаҳои давлатӣ, корҳои тадқиқотӣ ва методӣ, низоми маълумоти коммуникатсионӣ баррасӣ гардиданд.
Маврид ба ёдоварист, ки тайи солҳои охир заминаи қонунгузории соҳаи обуҳавошиносӣ хеле рушд ёфта, дар доираи татбиқи онҳо дигаргуниҳои ҷиддӣ ба миён омаданд, ки яке аз онҳо дастрасӣ ба техника ва таҷҳизоти нави обуҳавошиносӣ мебошад.

Рўзи 19 октябр бошад баргузории ҷашни 90-солагии фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ  дар назар аст. Дар ин ҷашн ба ҷуз аз намояндагони  кишварҳои  ИДМ намояндагони  вазорату ташкилотҳои  давлатӣ, намояндагони  ташкилотҳои  байналхалқие, ки  дар Тоҷикистон  фаъолият мебаранд,  аз қабили Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Аврупоии Рушд, Бонки Рушди Осиё,  Агентии Олмон  оид ба ҳамкориҳои  байналмилалӣ (GIZ),  Агентии Швейтсария  оид ба ҳамкориҳои байналхалқӣ, Сазмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо,  ташкилоти башардўстонаи ФОКУС ва ғ. даъват шудаанд.