Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷамъбасти озмун байни рӯзноманигорон

img_2399

Дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ҷамъбасти озмуни вилоятии «Истифодаи энергияҳои барқароршаванда – омили муҳими пешгирии тағйирёбии иқлим» байни намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид. Бо сухани муқаддимавӣ сардори Раёсат Темур Нӯмонзода баромад намуда, қайд кард, ки чун анъана ҳар сол аз тарафи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани маърифати     экологии аҳолӣ ва ҳавасманд намудани рӯзноманигорон ҷиҳати ташвиқу тарғиби ҳифзи муҳити зист ва мусоидат ба ҳалли мушкилоти экологӣ озмун гузаронида мешавад. Матбуот ва воситаҳои ахбори омма дар замони ҳозира, дар ҳаёт ва ҷаҳонбинии мардум, нақши бузург дорад. Маҳз тариқи телевизион ва радио, рӯзномаву маҷаллаҳо аҳолӣ аз гузоришу навидҳои муҳимтарини ҷамъият огоҳӣ меёбанд. Боиси қайд аст, ки дар ҷумҳурӣ, аз он ҷумла дар вилоят «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» татбиқи амалии худро ёфта истодааст ва минбаъд барои баланд бардоштани маърифату донишҳои экологии табақаҳои васеи аҳолӣ мусоидат менамояд.

Дар навбати худ ғолибони озмун барои дастгирии рӯзноманигорон изҳори сипос намуда, тасмим гирифтанд, ки минбаъд низ дар инъикоси мавзӯҳои экологӣ саҳми худро мегузоранд.