Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷамъбасти амалиёти “Ҳавои тоза” дар вилоят

image-0-02-04-693847c57d36d7248c4956300dcea421ba6500d7b9b4007d52e8eb02e072e82a-v

Бахшида ба “Соли 2016 – Соли фарди солим”, ба истиқболи Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади беҳтар намудани вазъи ҳавои атмосфера дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, пурзӯр намудани назорат оиди кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера аз воситаҳои нақлиёт санаи  28 октябр дар шоҳроҳи Хуҷанд – Б.Ғафуров амалиёти «Ҳавои тоза» гузаронида шуд.

Дар рафти амалиёт 53 адад нақлиётҳои автомобилии тамғаашон гуногун аз санҷиши аналитикӣ гузаронида шуда, миқдори партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар натиҷаи сӯхтани сӯзишворӣ (дизелӣ, бензин ва гази моеъ) муайян карда шуд. Дар натиҷа 5 адад воситаҳои нақлиёти автомобилӣ меъёри стандартҳои давлатиро вайрон кардаанд, яъне партови моддаҳои ифлоскунанда (гази СО ва дуда) ба фазои атмосфера барзиёд партофта шудааст, нисбати ронандагони воситаҳои       нақлиёти автомобилӣ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, барои чора андешидан ба БДА-и шаҳру ноҳияҳои вилоят фиристода шуд.

Раёсат минбаъд низ баҳри пурзӯр намудани назорати давлатӣ  оиди кам намудани ихроҷи моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера, пешгирии ҳолатҳои қонунвайронкунии соҳаи ҳифзи муҳити зист  корбарӣ  менамояд.