Насби лавҳаи огоҳкунанда

Бо мақсади эълон гардидани  «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», солҳои 2019-2021 ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ,  пешгирӣ намудани қонуншиканӣ  баҳри ҳифз намудани ҳайвоноти нодир ва маҳвшудаистодаи вилояти Суғд, ки ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудаанд, аз тарафи кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд дар минтақаи соҳили рости  обанбори  Баҳри Тоҷик дар доманакуҳи Оқбел лавҳаи огоҳкунанда насб карда шуд. Айни ҳол дар минтақаи мазкур намудҳои ҳайвоноти нодир, ба монанди  ғизол, сусмори хокистарранг, парандаҳои дуғдоғ, ҷек, лойхӯраки даштӣ, тазарви сирдарё, кӯрмор, мори печони шарқӣ, мори гургдандони кундаланграх  сукунат доранд.

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ба нақша гирифтааст, ки   чунин лавҳаҳоро дар  минтақаҳои дигари вилоят низ насб намояд.