Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нишаст дар Кумита бахшида ба иҷрои «Стратегияи муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020»

img_7502

Санаи 8-уми ноябри соли равон дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба иҷрои «Стратегияи муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ҷаласаи васеи Дастгоҳи марказӣ баргузор гардид. Дар ин ҷаласа нозири калони Саррраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлиддинзода Муҳриддин Айниддин ва Сардори Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ ва воситаҳои ахбори оммаи Саррраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Муқимӣ ширкат варзиданд. Дар рафти ҷаласа мулоқоти муфид ва пурмазмун байни меҳмонон ва иштирокдорон барпо гашт.

Ҷаласаро Раиси Кумита Х.Ибодзода ҷамъбаст намуд, барои таҳкими фаъолияти Кумита дар муқовимат ба коррупсия, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ изҳори ақида намуд ва чунин вохӯриҳоро манфиатовар арзёбӣ кард.