Амалиёти ҳифзи ҳайвоноту парандагони ваҳшӣ дар ноҳияи Шаҳристон

Бо мақсади нигоҳдорӣ ва бехатарии гуногунии биологӣ, беталаф баровардани олами ҳайвоноту парандагони ваҳшӣ аз сардии зимистон кормандони шуъбаи хифзи олами набототу ҳайвонот ва захираҳои моҳии Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд, бахши ҳифзи муҳити зисти н. Шаҳристон ва кормандони муассисаи хоҷагии ҷангали ноҳия дар минтақаи “Дараи сабз”-и н. Шаҳристон корҳои биотехникиро гузарониданд.

Дар мавзеъҳои сукунати ҳайвоноту паррандагони ваҳшӣ дар минтақаҳои мазкур маводди хӯрокӣ, ба монанди   гандум, ҷав, сабӯс, хошоки дағал, картошка ва намак  паҳн карда шуд. Бояд қайд кард, ки дар минтақаи мазкур ҳайвонҳои ваҳшӣ, ба мисли хирс, гург, хуки ёбоӣ, рӯбоҳ суғур ва парандагон амсоли  кабк, мурғи ҳилол ва ғайра сукунат доранд.

Дар сурати сард омадани ҳаво ва боришоти барф амалиёти ҳифзи ҳайвоноту паррандагони ваҳшӣ аз тарафи Раёсат ва бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру  ноҳияҳо боз гузаронида мешавад.