Омодагиҳо дар доираи таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бомаром идома доранд

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз таҷрибаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ҷалби шаҳрвандон, коллективҳои меҳнатӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳо санаи 19 январи соли 2019 дар шоҳроҳи даромадгоҳи ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон шанбегӣ гузаронида шуд.  Дар рафти шанбегӣ 200 бех ниҳолҳои ҳамешасабзи арча шинонида шуд.

Шинонидани ниҳолҳои арча ва гулҳои ороишӣ дар даромадгоҳи ҷамоати деҳоти Г.Гулмуродов сурат гирифта, дар ин мавзеъ ва дигар ҷойҳои муайяншуда аз тарафи аҳолии ҷамоат гулҳои ороишӣ ва дарахтони ҳамешасабз шинонида шуд. Корҳои ободонӣ дар ин самт идома дорад.