Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Кумита бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

img_7523

Санаи 16-уми ноябри соли равон дар Кумита маҷлис бахшида ба Рӯзи

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҷаласаро муовини Раиси Кумита Шарипова О.Т оғоз намуд ва оид ба дастовардҳову пешравиҳои тайи солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҷаноби Олӣ алоқаманд бударо зикр карданд. Дар рафти ҷаласа оид ба мавзӯҳои «Меъмори асосии сулҳу ваҳдат, ва муттаҳидиву ягонагии мардуми Тоҷикистон» Тиллоева Гулрухсор, «Сиёсати дарҳои кушод»  Ҷураев Абдусалим Шоевич ва «Сиёсати иқтисодиву иҷтимоии Роҳбари давлат» Салимов Музафар баромад карданд.

Муовини Раиси Кумита Шарипова О.Т кормандони Кумитаро бо Рӯзи

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, дар фаъолияти кории онҳо оид ба амалӣ намудани сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат муваффақиятҳоро таманно намуд.