Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ ба ифтихори Рӯзи Президент

20161115_103619

Дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соати ахбори сиёсӣ бо иштироки  Абдураҳим Азимов, дотсенти кафедраи маркетинг ва агробизнеси Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, н.и.к. ва кормандони Раёсат доир гардид.

Азимов А. дар мавзӯи “Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва эъмори давлати соҳибистиқлол” баромад намуда, изҳор дошт, ки маҳз бо талошу заҳматҳои  Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати соҳибистиқлолу ваҳдатофар шинохта шудааст. Ҳамчунин, мавсуф дар бораи аҳамияти Рӯзи Президент ҳарф зада, таъкид намуд, ки барои наслҳои имрӯз ва оянда донистан ва қадр кардани хизматҳои содиқонаи Президенти мамлакат ва Қаҳрамони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят зарур аст, зеро Роҳбари хирадманди мо тавонист дар як муддати кӯтоҳ кишварро аз ҷанги шаҳрвандӣ бароварда, миллатро аз нобудшавӣ наҷот бахшад. Тамоми иқдому пайкори Пешвои миллат то имрӯз аз ватандориву ватанпарастӣ, созандагиву бунёдгузорӣ, муҳайёсозии шароити арзандаи зиндагӣ ва инкишоф, амнияту ободии халқу давлат шаҳодат медиҳанд. Бесабаб нест, ки Сарвари кишвари  мо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ «Пешвои асри XXI» эътироф гардидаанд, ба қатори 500 пешвои мусулмонони ҷаҳон ворид шудаанд, бо медали тиллои «Ба шарафи таъмини устувории сулҳу ваҳдат байни халқҳо» шарафёб шудаанд, бо «Мукофоти сулҳ»-и СММ қадр гардидаанд ва бо дигар унвону мукофоту ордену медалҳои байналмилалӣ созмонҳои ҷаҳонӣ хизматҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар рушди тамоми соҳаҳо эътироф намуда, қадршиносӣ кардаанд. Ва имрӯз ҳар як фарди  тоҷикистониро месазад, ки аз чунин Пешвои миллат ифтихор дошта бошанд, сиёсати пешгирифтаи ӯро ҳамаҷониба дастгирӣ намоянд, дар партави сиёсати пешгирифтаи чунин марди бузурги миллат ба қуллаҳои баланди мурод расанд.

Дигар баромадкунандагон низ дар бораи хизматҳои Сарвари давлат, аҳамият ва зарурати Рӯзи Президент сухан гуфта, ҳозиринро ба ватандӯстию хештаншиносӣ даъват карданд.