Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Натиҷаҳои амалӣ оид ба иҷрои уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба конвенсияи Стокголм оид ба ифлоскунандаҳои устувори органикӣ (ИУО)

Дар доираи таъмини иҷрои уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати конвенсияи Стокголмии СММ оид ба ифлоскунандаҳои устувори органикӣ (ИОУ) бо қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи миллии иҷрои уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба конвенсияи мазкур қабул гардид.

Дар доираи таъмини иҷрои Нақшаи миллии зикргардида,  соли равон барои чор оилаҳоие, ки дар партовгоҳи қаблии заҳрхимикатҳо зиндагӣ мекарданд, тибқи шартномаи се тарафаи байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун, Фонди байналмилалии зидди минаҳо (FSD) ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон сохтмони манзили истиқоматӣ оғоз гардид.

Сохтмони чор хонаи истиқоматӣ ва иморатҳои ёрирасон аз тарафи Фонди байналмилалии зидди минаҳо (FSD) ва Кумита ҳифзи муҳити зисти муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва сохторҳои маҳаллии дар  вилояти Хатлонбудаи он анҷом дода мешаванд.

Тибқи дурнамо иморатҳои зикргардида то 5 декабри соли 2016 сохта ба истифода дода мешаванд.

Барои  хизматрасонӣ ва назорати (5 гектар боғи интенсивӣ ва партовгоҳ) партовгоҳи заҳрхимикатҳои ноҳияи Вахш 4 воҳиди корӣ ҷудо гардид.

Ҳамзамон барои ҳифзи аҳолӣ ва чорво аз таъсири партовгоҳи заҳрхимикатҳои шаҳри Конибодом, ки  масоҳаташ 1,4 гектарро ташкил мекунад аз ҳисоби маблағҳои махсуси ҳифзи муҳити зист ба маблағи зиёда аз 13,9 ҳазор сомонӣ атрофии он бо симтур маҳкам карда шуд.