Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории ҷаласаи васеи Комиссияи байниидоравии вилоятӣ оид ба маърифати экологӣ

%d1%81%d1%83%d0%b3%d0%b4-1

25 ноябри соли равон дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо иштироки аъзоёни комиссияи вилоятӣ, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳо, сарпарасти соҳа – раисони комиссияи байниидоравии маҳаллӣ, сардорони шӯъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зист – котибони комиссияҳои маҳаллӣ ва шахсони масъул аз Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ҷаласаи васеи Комиссияи байниидоравии вилоятӣ оид ба маърифати экологӣ баргузор гардид. Дар рафти ҷаласа масъалањо оид ба рафти иҷрои амри Раиси вилоят аз 14.12.2015, №228амр «Дар бораи таъсис додани Комиссияи байниидоравии вилоятӣ оид ба маърифати экологӣ», ки дар асоси қарори Раиси вилояти Суғд аз 25.05.2015, №263 «Дар бораи татбиқи Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумхурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» қабул гардидааст, баррасӣ карда шуд.

Дар рафти ҷаласа аз љониби раиси Комиссияи байниидоравии вилоятӣ оид ба маърифати экологӣ фаъолияти комиссияҳои ҳам вилоятӣ ва ҳам маҳаллӣ таҳлил гардида, нисбат ба ҳарчӣ зудтар ислоҳ намудани камбудиҳои ҷойдошта дар ин самт супоришҳо дода шуд.

Барои такон бахшидани раванди иҷроиши амр ва қарори Раиси вилоят ва андешидани чораҳои таъхирнопазир ҷаласаи Комиссияи байниидоравии вилоятӣ оид ба маърифати экологӣ вазифагузориҳои мушаххас намуд.