Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар маҷлиси назоратӣ

img_7688

8 декабри соли 2016 дар Дастгоҳи марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси назоратии Раиси Кумита баргузор гардид. Дар маҷлис сардорони раёсату шўъбаҳо, бахшу марказҳои Дастгоҳи марказии Кумита, инчунин масъулони раёсатҳои ҳифзи муҳити зисти вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ иштирок доштанд.

Раиси Кумита Хайрулло Ибодзода  маҷлисро оӯоз бахшида, тибқи тартиби рўзномаи маҷлис суханро ба сардори Шўъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи  замин ва муомилот бо партовҳои Кумита Мақсадулло Мардонов дод.

М. Мардонов оид ба рафти иҷрои қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июни соли 2011, №279 «Дар бораи тартиб, шарт ва усули  ҷамъоварӣ, истифода, безараргардонӣ, интиқол, нигоҳдошт ва гўронидани  партовҳои истеҳсолӣ ва маишӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»   маърўза намуд.

Дар доираи баррасии масъала  қайд карда шуд, ки ҳарчанд қарори мазкур таҳти  назорати доимии мақомоти соҳаи ҳифзи муҳити зист қарор дошта бошад ҳам, аҳён дар баъзе шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳолатҳои ошкор шудани камбудиҳо дар ин самт ба мушоҳида мерасанд. Пешниҳод карда шуд, ки ҳангоми таҳияи Нақшаи кори  Кумита барои  нимсолаи якуми соли  2017 дар масъалаи иҷрои қарори мазкур чорабиниҳои дахлдор ворид карда шавад.

Раиси Кумита Х. Ибодзода аз камбудиҳои ҷойдошта оид ба пешниҳоди ҳисоботи  Барномаҳои давлативу соҳавӣ ва ҳаматарафа таҳлил нагардидани он эрод гирифта, ба масъулон барои таъмини саривақтии  барномаҳои қабулгардида ва ба таври зарурӣ пешниҳод намудани ҳисоботҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Раиси  Кумита Х. Ибодзода инчунин қайд кард, ки тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмон Озода Эмомалӣ аз 1 декабри соли 2016, № 16/317 (26)  ва банҳои 18 ва 39-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва баргузории ҷашни Наврўзи байналмилалӣ дар шаҳри Турсунзода (21-22 марти соли 2017)  Кумитаи ҳифзи муҳити зист  чун дигар вазорату идораҳо вазифадор  шудааст, ки  Иди байналмилалии Наврўзро  дар сатҳи баланд таҷлил  кунад, дар доираи омодагӣ ба ин ҷашн дар мавсими ниҳолшинонӣ  ва ташкили ҳашарҳои оммавӣ  фаъолона иштирок намояд. Дар ин робита ба масъулони саҳавӣ дар ҷойҳо супориш дода шуд, ки  ҷиҳати иҷрои супориши мазкур ва дар сатҳи лозимӣ омода шудан ба ҷашни Наврўз Нақшаи чорабиниҳои худро таҳия намуда, аз ҳозир барои иҷрои чорабиниҳои  банақшагирифташуда, тадбирҳои зарурӣ андешида, рафти иҷрои  қарорҳо дар маҳалҳо таҳти назорати доимӣ қарор дода шаванд.

Баъд аз муҳокимаи  масъалаҳои баррасишуда қарори дахлдор қабул гардид.