Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Амалиёти “Ҳифзи ҳайвоноту парандагони ваҳшӣ” дар вилояти Суғд

%d1%85%d0%b0%d0%b1%d0%b0%d1%80-%d0%b0%d0%bc%d0%b0%d0%bb%d0%b8%d1%91%d1%82

Бо мақсади нигоҳдорӣ ва бехатарии гуногуни биологӣ, аз фасли зимистон беталаф баровардани олами ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагон кормандони мақомоти соњаи ҳифзи муҳити зист дар вилояти Суѓд, аз ҷумла бахши њифзи муњити зисти шаҳри Панҷакент дар минтақаҳои парваришгоҳи «Зарафшон» ва «Колхозчӣ» корҳои биотехникиро гузарониданд. Дар мавзеъҳои сукунати ҳайвоноту парандагони ваҳшӣ дар минтақаҳои мазкур ба миқдори 300 кг гандум, 450 кг ҷав, 950 кг сабӯс, 536 кг резаи биринљ, 1000 банд юнучќа, 52 баста каҳ паҳн карда шуд. Рафти амалиёти мазкур тариқи телевизион, радио ва рӯзномаи маҳаллӣ  инъикоси худро ёфт.

Гузаронидани амалиёти «Ҳифзи ҳайвоноту парандагони ваҳшӣ» аз тарафи Раёсат ва бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру  ноҳияҳо дар ҳолати сард шудани ҳаво дар назар аст.