Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар доираи татбиқи Барномаи давлатии маърифати экологӣ

dscn4624

Аз  28 ноябр то 13 декабри соли равон  мутахассисони Маркази ахбори экологии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба рафти татбиқи  Барномаи давлатии комплекси рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020  дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, ба воҳидҳои сохтории Кумита дар вилоят барои беҳтар гардонидани сифати кор тавсияҳо доданд.

Корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳҳои  баландгардонии сатҳи дониши экологии аҳолӣ, тарзи дурусти ҳуҷҷатгузорӣ,  ҳамкорӣ бо табақаҳои гуногуни  аҳолӣ ва ҳифзи табиати вилоят, ноҳияҳои он оид буд ва дигар корҳои амалишаванда дар доираи ин Барнома санҷида шуданд.

Бо ин мақсад мутахассисон ҷиҳати иттилоотрасонӣ ва маърифатбахшии аҳолӣ дар ҷамоатҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят ва ноҳияҳои он суҳбату вохуриҳо анҷом доданд.