Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фаъолияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 натиҷагирӣ карда шуд

img_7698

Дар ҷаласаи  Мушовара Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 15 декабри соли равон баргузор шуд, фаъолияти воҳидҳои сохтории Кумита дар соли 2016 натиҷагирӣ карда шуда,  вазифаҳо барои соли    2017 пешниҳод  гардиданд.

Ҷаласаро Раиси Кумита Хайрулло Ибодзода оғоз намуда, рўзномаи онро  барои бааррасӣ пешниҳод кард. Сипас, мувофиқи тартиби кори ҷаласа Раиси Кумита Х. Ибодзода оид ба  фаъолияти воҳидҳои сохторӣ ва зерсохторҳои Кумита дар ҷойҳо маърўза намуд. Дар маърўзаи ҳисоботӣ, ки ҷанбаъҳои таҳлилии қавӣ дошт, баробари арзёбии муваффақиятҳои бадастомада, инчунин камбудиву норасоиҳои ҷойдошта баён гардид. Қайд карда шуд, ки дар доираи таҷлили ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нақаи чорабиниҳои он Кумита корҳои муайянро ба анҷом расонд. Гуфта шуд, ки соли 2017 дар ҷумҳурӣ 20-солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ дар назар аст ва барои дар сатҳи баланду хотирмон таҷлил намудани ин ҷашни муқаддас бояд омодагии ҷиддӣ дид ва корҳои мушаххасро дар Нақшаи чорабиниҳо тарҳрезӣ намуд.

Дар баробари ин мушкилоте, ки  дар самти бешбурди назорати давлатӣ, Нақшаи чорабиниҳои барномаҳои амалишаванда, назорати ҳолати партовҳо; лампаҳои симобдори аз истифода баромада, пешгирӣ намудани ҳолатҳои қонуншиканӣ дар самти ҳифзи табиат, аз қабили пешгирӣ аз буриши номатлуби дарахтон ва  дигар камбудиҳои ҷойдошта мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.

Дар ҷаласа масъулини  воҳидҳои сохтории Кумита дар ҷойҳои  оид ба самти фаъолияти худ ва масъалаҳои ҳалаталаб пешниҳоду гузоришҳо  доданд.

Раиси Кумита Х. Ибодзода оид ба ҳолати экологии  баъзе шаҳру ноҳияҳо эрод гирифта, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин  дастуру супоришҳои қатъӣ дод.  Раиси Кумита  ҳамзамон ба сардорони воҳидҳои сохторӣ дар шаҳру ноҳияҳо супориш дод, ки пешниҳодҳои  худро барои таҳияи Нақшаи чорабиниҳо оид ба ҷашни 20-солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ, ки соли оянда баргузор мегардад,  дар муҳлатҳои муайян пешниҳод намоянд.

Дар кори ҷаласа Сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалил Пиризода иштирок ва суханронӣ намуд.

Пас аз шунидани ҳисоботҳо, муҳокимаи таклифу пешниҳодҳо ва баррасии ҳамаҷонибаи масъалаҳо қарори дахлдори ҷаласаи  Мушовара қабул карда шуд.