Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тамошои дастҷамъонаи Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар воҳидҳои сохтории Кумита ва мақомоти маҳаллии он

img_7736

22 декабр  тамоми кормандону мутахассисони  соҳаи ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла  Дастгоҳи марказии Кумита пахши мустақими  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии мамлакат тамошо намуданд.

Дар Паёмашон Сарвари давлат тамоми самтҳои муҳимтарини соҳаҳои  иқтисодию ичтимоӣ ва фарҳангии ҷумҳуриро  ба таври амиқ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.

img_7739Дар радифи арзёбии  соҳаҳои дигари ҷумҳурӣ Сарвари давлат, ҳамчунин дар робита ба таъмини амнияти экологии аҳолӣ ибрози андеша намуда, аз ҷумла қайд карданд, ки  «Тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалии молиявӣ Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз», яъне нерӯи аз ҷиҳати экологӣ тоза ба қатори шаш кишвари пешсафи сайёра шомил гардида, имрӯз истеҳсоли ин намуди энергия дар кишвари мо 98 фоизро ташкил медиҳад».  Ин иқдом саҳми Тоҷикистон дар пешгирӣ кардани оқибатҳои харобиовари гармшавии иқлим ва татбиқи чорабиниҳои экологӣ дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон мебошад.

Президенти кишвар дар масъалаи мусоидати  рушди соҳаи туризм дар Тоҷикстон суханронӣ намуда, қайд карданд, ки ҷумҳурии биҳиштосои мо сарзамини аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот…дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад.

Ҳамасола аз ҷониби Кумита ва воҳидҳои сохтории он  дар асоси Паёми Президенти мамлакат, Нақшаи чорабиниҳо таҳия намуда,  он масъалаҳое, ки барои расидан ба ҳадафҳои  рушди устувор аз ҷониби Пешвои миллат таъкид мегарданд, сармашқи кори худ қарор медиҳанд. Ҳамзамон, омӯзиши матни Паёми Президенти кишвар дар семинарҳои бозомӯзӣ ба таври васеъ ба Нақшаи кори Кумита барои нимсолаи якуми соли 2017 ворид шудааст.