Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Пайгирии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои Миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон

Имрӯз 22 декбари соли 2016, соати 10.00 пагоҳи кормандони  Муассисаи давлатии Лабораторияи  илмӣ-тадқиқотии ҳифзи табиат и Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сардори Мудири лаборатория Н. Сафаров  дар идораи лаборатория барои дар сатҳи баланди сиёсӣ дарк  намудани  Паёми Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомали Раҳмон  шунавоии дастаҷамъонаи онро ташкил карданд.

Дар рафти шунавоии Паём мутахассисони Лаборатория  бо як қаноатмандӣ онро қабул намуда, лаҳзаҳои манфиати сиёсӣ, миллӣ, иқтисодӣ, илмӣ, ватандустӣ доштаи онро бо ҳаяҷон мавриди муҳокима қарор доданд. Аз он ҷумла, муроҷиати  Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ ба олимон ва пешниҳоду дастурҳо дар соҳаи илм хеле барои муассисаи мо муфид буда, мо, олимонро, барои кашфиётҳои нав хеле руҳбаланд гардонид. Барои кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист вазифагузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар баробари  вазифаҳои иқтисодию муносибатҳои байналмилалӣ дастгирии таҳияҳои лоиҳаҳои грантиро аз ҷониби  ташкилотҳои илмӣ  ва даст овардани  маблағҳоро аз ҳисоби  ташкилотҳои хориҷӣ барои рушди  иқтисодиёт ва буҳбудии табиат, барои мо кормандони Лабораторияи илмӣ ва Маркази  миллии  гуногунӣ ва бехатарии  биологӣ ҳамчун супориш қабул намуда, дар паи  амалӣ гардонидани Паём бо масъулияти  баланди ватандориӣ камар  мебандем.

Нисбати  солҳои пешин  Паёми соли ҷашнии 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ барои пешрафти илму маърифати мардуми Тоҷикистон маъниву  мароми навин дошта, дошта, ҳамчун барномаи сатҳи  баланди ҷаҳонӣ, рушди давлатро  ба пояи илму маърифат мустаҳкам  карданро дорад. Ин рисолатро  ба мардуми  Тоҷикистон  муборакбод  бояд гуфт, ки мо ба ин сатҳи баланди илмию фарҳангӣ расидем. Ба гуфти Пешвои Миллат Шукри Истиқлолу Ваҳдат, Шукри Ватандорию Пешводорӣ бояд кард. Мо кормандони  соҳаи илми табиатшиносӣ ва ҳаётшиносӣ ҷонибдори тамоми матну, мазмуну маънои Пайёми Пешвои Миллат барои соли ҷашнии 2016 мебошем ва ҳамагонро  ба ин ақида  даъват менамоем.

Дастгирии ҷамъомадт кормандони  Муассисаи  давлатӣ- Лабораторияи илмӣ-тадқиқотии ҳифзи  табиати  Кумитаи  ҳифзи муҳити зисти назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз Пайёми  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои Миллат  муҳтарам Эмомали Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ин дастгирии  сиёсати хирадмандонаи  давлатии Роҳабари  давлат ва  Ҳукумати мамлакат  мебошад, ки ҳадафи он некуаҳволии мардум, тинҷию амонӣ, тараққиёти  минбаъдаи  Тоҷикистон аст.