Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Истиқбол аз Паёми Пешвои миллат

%d1%81%d1%83%d0%b3%d0%b4-%d0%bf%d0%b0%d1%91%d0%bc

Дар Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд тамошои дастаҷамъонаи Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи Раёсат ташкил карда шуд ва он аз ҷониби кормандони Раёсат хуб пазироӣ гардид.

Дар Паёми Пешвои миллат тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти кишвар бо асноду мисолҳои мушаххас мавриди таҳлилу баррасӣ ва натиҷабардорӣ қарор гирифтанд. Боиси зикр аст, ки дар тӯли даврони соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масоили глобалии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардидааст. Имрӯз ташаббуси навбатии муҳим қабул гардид ва аз ҷониби Маҷмааи Умумии СММ Даҳсолаи нави байналмилалӣ зери шиори  «Об барои рушди устувор» эълон гардид. Паёми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳар як шаҳрванди кишвар, ки нисбат ба тақдири миллат бетараф нест, масъулияти бузургеро мегузорад ва барои дар амал татбиқ намудани он, инчунин ҷиҳати таъмини зиндагии босаодати мардуми кишвар мусоидат хоҳад намуд.

Раёсат тасмим гирифтааст, ки бо кормандони мақомоти соҳавии ҳифзи муҳити  зист дар қаламрави вилоят доир ба омӯзиши матни Паёми Пешвои миллат  семинарҳои омӯзишӣ  ташкил  намояд.