Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории тӯйи суннатии 42 нафар дар Кумита

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстонро дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ   Раҳмон доир ба дастгирии оилаҳои ниёзманд, пирону барҷомондагон,  ятимону бепарасторон ва дигар қишрҳои заъфпазири ҷомеа сармашқи фаъолияти худ қарор додааст.  Чунин иқдоми  инсонпарварона барои кумак расонидан ба оилаҳои зикршуда аз ҷониби вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва шахсони саховатпеша маҳз дар арафаи  иду ҷашнҳо ба ҳукми анъана даромадааст.

Ин гуна амали хайрро дар арафаи Соли нави мелодӣ 30-юми декабри соли 2016 Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  анҷом дод.  Тӯйи суннатии 42 нафар аз фарзандони кормандони воҳидҳои сохтории Кумита дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор шуд.

Раиси Кумита Хайрулло Ибодзода иштирокдорони чорабиниро дар шумули волидон ва фарзандони онҳо табрику таҳният намуд. Х. Ибодзода қайд кард, ки «Дар Паёми навбатии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Иаҷлиси Олии мамлакат  таъкид доштанд, ки барои беҳтар намудани шароити моддиву иҷтимоии оилаҳои камбизоат, ятимону маъюбон ва шахсони яккаву танҳо тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намоянд.  Ҳидоятҳои  Пешвои миллат моро водор месозад, ки дар кумаку дастгирии якдигар  фаъол бошем»

Дар чорабинӣ, инчунин Сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалил Пиризода иштирок намуда,  аз номи Ҳукумати мамлакат ҳозиринро шодбош гуфт.

Сипас дар вазъияти тантанавӣ  ба кӯдакон тӯҳфаҳои  хотиравӣ  ва шириниҳо  тақдим карда шуд. Ҳамчунин, дастархони идона ороста шуда, сарояндагону навозандагон бо ташрифи Бобои Барфӣ ва Барфак хотири дӯстрӯяконро шод гардониданд.

Дар рафти чорабинӣ волидони хатнашавандагон суханронӣ намуда, миннатдории  худро ба  Роҳбари давлату Ҳукумат изҳор доштанд.