Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо намояндаи прокуратура

20161226_151836

Санаи 26 декабри соли гузашта дар Маркази бозомӯзии Раёсат дар ш.Гулистон вохӯрии кормандони соњавї бо прокурори калони шӯъбаи назорати умумии Прокуратураи вилояти Суғд Маҳмадов Н. баргузор гардид. Дар вохӯрӣ нуктаҳои Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар баромади худ намояндаи прокуратура қайд намуд, ки дар Паёми Пешвои миллат тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти кишвар бо асноду мисолҳои мушаххас мавриди таҳлилу баррасӣ ва натиҷабардорӣ қарор гирифтанд. Боиси ифтихор аст, ки тӯли солњои соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масъалаҳои глобалии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардидааст. Имрӯз низ ташаббуси муҳими навбатии Тоҷикистон аз ҷониби СММ қабул ва Даҳсолаи нави байналмилалии «Об барои рушди устувор, 2018-2028» эълон гардид.

Баъд аз қайд намудани нуқтаҳои асосии Паём маълумот оид ба фаъолияти Раёсат дар самти назорати давлатии истифода ва ҳифзи захираҳои об шунида шуд. Аз он ҷумла қайд гардид, ки ҳар сол чун анъана  баҳри ҳифз ва аз партов тоза нигоҳ доштани манбаъҳои обӣ аксияи «Тозагии соҳил», оиди худсарона истифодабарии захираҳои об, ифлос кардани манбаҳои обӣ дар объектҳо санҷишҳо гузаронида, барои риояи талаботи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон як силсила тадбирҳо андешида шуда истодаанд.

Минбаъд Раёсат тасмим гирифтааст, ки фаъолияташро баҳри оқилона истифодабарӣ ва назорати захираҳои об, ҳолати мелиоративии замин, пурсамар фаъолият бурдани иншоотҳои партобобтозакунӣ ва ҷиҳати дар амал татбиқ намудани нуқтаҳои дар Паём омадаро роҳандозӣ намояд.