Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар маҷлиси назоратӣ

img_7936

Дар маҷлиси назоратӣ

10 январи соли 2017 дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси назоратии Раиси Кумита баргузор гашт. Маҷлисро Раиси Кумита Хайрулло Ибодзода оғоз намуда, масъалаҳои баррасишавандаро пешниҳод намуд.

Нахуст тибқи тартиби кори маҷлис оид ба натиҷаҳои ниҳоии фаъолияти  кори Кумита дар соли 2016 ва вазифаҳо барои соли 2017 сухан барои маърӯза ба сардори Раёсати мониторинг ва сиёсати экологии Кумита Абдусалим Ҷӯраев дода шуд.

Пас аз шунидани маърӯзаи Ҷӯраев А. муовини Сардори Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азимзода Алимардон Шоҳимардон оид ба мушкилоту камбудиҳо ва дигар бурду бохти соҳа ибрози андеша намуда, аз ҷумла ҷиҳати зоҳир гардидани ҳолати  гуногуни пешниҳоди ҳисоботҳо  изҳори нигаронӣ кард. Азимзода А. қайд кард, ки таҳлили амиқ нагардидани баъзе самтҳои фаъолияти соҳа аз паст будани иқтидори зеҳнии баъзе аз кормандону масъулони соҳавӣ далолат медиҳад. Инчунин, масъалаҳои тақвият бахшидани фаъолияти оъзоёни Комиссияи давлатии байниидоравӣ оид ба маърифати экологӣ, пешниҳоди саривақтии ҳисоботҳои лоиҳаҳои амалишаванда ва дигар мушкилоти  ҷойдошта мавриди таваҷҷуҳ қарор дода шуд.

Баъдан, оид ба  фаъолияти воҳидҳои сохтории  Кумита  дар соли 2016 ва иҷрои  ҳуҷҷатҳои назоратӣ, инчунин дар мавриди таҳия ва қабули ҳуҷҷатҳои  меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби воҳидҳои сохтории  Кумита дар соли 2016 ахбори сардори Раёсати корҳо Вайсиддин Саидов  ва сармутахассиси ҳуқуқи Раёсати мазкур А. Амрихудоев шунида шуд.

Аз рӯи муҳокимаҳо ва таклифу пешниҳодҳо ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани фаъолияти сохторҳо ва иҷроиши саривақтии  бандҳои  Нақшаи чорабиниҳои  тасдиқгардида қарори дахлдор қабул карда шуд.