Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинари бозомузӣ

20170110_092808

Санаи 10 январи соли 2017 дар толори маҷлисгоҳи Раёсат бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист, рияои қонунгузории соҳавӣ ва тарбияи кадрҳо семинари бозомӯзӣ бо иштироки сардорони шӯъбаҳо ва мудирони бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳо ва мутахассисони соҳа баргузор гардид.

Мувофиқи барнома дар семинари мазкур баромадкунандагон оид ба нуќтаҳои асосии Паёми солонаи Пешвои миллат, моҳияти Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши субъектҳои хоҷагидор» ва «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», инчунин дар бораи тартиби ташкил ва гузаронидани арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист, тартиби супоридани ҳисоботҳои моҳона, рафти иҷрои қарори Раиси вилоят аз 25.05.2015, №263 «Дар бораи татбиқи Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» ва дигар масъалаҳо маърӯзаҳо намуданд. Дар рафти семинар аз ҷониби иштирокчиён оиди масъалаҳои мавҷуда музокираҳо сурат гирифт.