Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мизи мудаввар дар мавзӯи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018 -2028

20170113_101929

Дар кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров санаи 13 январи соли равон мизи мудаввар дар мавзӯи  Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018 -2028 баргузор гардид. Дар кори он устодони факултет ва кафедра, магистрантҳо, намояндагони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ, донишҷӯёни факултет иштирок доштанд. Ба кори мизи мудаввар  декани факултети геоэкология дотсент Аминов М.Ҳ. оғоз бахшид. Оиди иқдомҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои об мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиат дотсент Собиров М.С. баромад намуд. Ҳамчунин намоядагони Раёсатҳои ҳифзи муҳити зист ва беҳдошти замин ва обёрӣ низ маърӯза намуда, қайд карданд, ки қабули Даҳсолаи «Об барои рушди устувор, 2018-2028» аз сиёсати муваффақи Пешвои миллат, Президенти мамлакат дар арсаи  байналмилалӣ  шаҳодат медиҳад.   Дар рафти мизи мудаввар байни иштирокчиён доири мавзӯҳҳо саволу ҷавоб сурат гирифт.