Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нишасти матбуотӣ дар Кумита

IMG_8057

Мувофиқи нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату  идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005, №АП-1677 ва  супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 2016, №26/10-116  17 январи соли 2017 бо иштироки доираи васеи кормандони васоити ахбори омма, оид ба ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 дар толори АМИТ «Ховар» дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ хабарнигорон аз шабакаҳои телевизиону радио, нашрияҳои давлативу мустақил иштирок доштанд. Дар рафти нишаст хабарнигорон бештар ба масъалаҳои пешбурди назорати давлатӣ дар самти ҳифзи муҳити зист, татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», фаъолияти Маркази барқу гармидиҳии 2   ш. Душанбе ва таъсири он ба муҳити зист, оид ба рафти иҷрои барномаҳои  давлатӣ, ҳифзу истифодабарии ҳайвоноти нодир, аз фасли зимистон беталаф баровардани ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагон, ҳолатҳои сабзиши ниҳолҳои шинонидашуда, вазъи экологии баъзе шаҳру ноҳияҳо, оид ба масъалаҳои идоракунии партовҳо, тағйирёбии иқлим, пешгӯии обуҳавошиносӣ ва дигар  масъалаҳои марбут ба соҳаи ҳифзи муҳити зист  таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Дар Нишасти матбуотӣ роҳбарият, директори Агентии обуҳавошиносии   Кумита  ва масъулини дигари сохторҳои Кумита иштирок намуда,  ба суолҳои  сершумори  хабарнигорон посух доданд.