Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Омӯзиши нуктаҳо аз Паёми Пешвои миллат дар Кумита

IMG_8064

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нақшаи чорабиниҳои барои соли 2017-и семинарҳои бозомӯзӣ  омӯзиши васеи матни Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии мамлакат ба роҳ мондааст.

Машғулияти навбатии семинари бозомӯзӣ 18 январи соли ҷорӣ дар Дастгоҳи марказии Кумита бо иштироки роҳбарият ва томоми кормандони Кумита баргузор гардид. Бозомӯзиро Раиси Кумита Хайрулло Ибодзода ҳусни оғоз бахшида, таъкид намуд, ки дар партави нуктаҳо аз Паёми Пешвои миллат ҳар яки моро зарур аст, ки нақшаи чорабиниҳои худро таҳия намуда, баҳри боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум  ва гулгулшукуфон гардонидани Ватани азизамон содиқона заҳмат кашем.

Сипас оид ба натиҷаҳои татбиқи сиёсати иқтисодии  давлат ва вазифаҳои  тақвият бахшидани он дар ояндаи наздик дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ба Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 22 декабри соли 2016  сардори Раёсати мониторинг ва сиёсати экологии Кумита Абдусалим Ҷӯраев маърӯза намуд.

Дар маърӯза самтҳои сиёсати иқтисодии мамлакат ва рушди он  дар доираи Паёми Пешвои миллат ба таври мувассал ва ҳамаҷониба арзёбӣ карда шуд. Аз ҷумла қай карда шуд, ки Сарвари Давлат зимни ироаи Паёмашон  ба проблемаҳои афзалиятноки экологӣ махсусан  воридоти технологияҳои нави инноватсионии ба стандартҳои экологӣ ҷавобгуй аҳамияти хоса доданд.

Дар семинар қайд гардид, ки аз Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар меояд, ки дастовардҳои иқтисодии мамлакат ру афзоиш ёфта, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш мераванд. Барои боз ҳам рушд намудани ҷомеа  дар назди мо вазифаи муҳимтарини руз истодаанд ва моро зарур аст, ки оид ба ҳар як нуктаи  дар Паём зикргардида  андеша намуда, аҳлона  вазифаҳои худро  иҷро намоем. Мушкилоти ҷомеаро дар ҳамбастагӣ ва дар ҳамкорӣ бо дигар мақомотҳои давлатӣ ҳалу фасл намуда,  баҳри  амалишавии ҳадафҳои  ниҳоӣ кӯшиш  ба харҷ дода иҷрои онҳоро таъмин намоем.

Инчунин дар семинар алоҳида кормандони Кумита баромад намуда, андешаҳои худро оид ба мавзӯи баррасишуда, изҳор доштанд.