Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории нишасти матбуотӣ

20170124_095743

Санаи 24 январи соли равон дар толори маҷлисгоҳи Сарраёсати кишоварзии вилоят Суѓд тибқи ҷадвали баргузории тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, нишасти матбуотии якҷояи Раёсати ҳифзи муҳити зист, Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал, Раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ,  Сарраёсати кишоварзӣ ва Кумитаи заминсозӣ доир гардид. Дар он сардори шӯъбаи иттилоотию таҳлилӣ – хадамоти матбуотии Раиси вилоят Юнусов М. ва рӯзноманигорони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Дар нишасти матбуотӣ мухбирони рӯзномаҳои «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда», «Суғд ҳақиқати», «Ризқофарин», «Маърифати ҳуқуқӣ», «Тирози ҷаҳон», «Тоҷикистон», «Меҳри Замин», «Саломат бошед», телевизионҳои вилояти Суғд, СМ-1 ва Азия, радиоҳои  вилоят, «Садои Хуҷанд», «Пайванд», «Озодӣ», ҳамагӣ 20 нафар  иштирок  доштанд.

Дар он рӯзноманигорон оиди муаммоҳои экологии ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли онҳо, аз он ҷумла тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо, буриши ғайриқонунии дарахтон, фурӯзонакҳои каммасрафи аз истифодабаромада, аз қамиш тоза намудани дарё «Сир», ҳолати партовгоҳҳо ва партовгоҳҳои радиоактивии вилоят, таъсири корхонаҳои саноатии наздисарҳадӣ ба ҳолати экологӣ, вазъи радиатсионӣ дар вилоят ва дигар саволҳои худ посухҳои муфассал гирифтанд.