Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамоиши оммавӣ дар вилояти Хатлон

DSCN0995

Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон аз қабули Қатънома оид ба пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон шудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ва аз нуқтаҳои Паёми Президенти кишварамон ба Маҷлиси Олии мамлакат марбут ба ҳифзи муҳити зист кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зисти вилоят руҳбаланд гардида,  тибқи нақшаи чорабиниҳо дар доираи иҷроиши Даҳсолаи мазкур  санаи 21 январи соли 2017 бо пешниҳоди Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар маркази шаҳри Қурғонтеппа Ҳамоиши оммавӣ — фарҳангӣ ташкил ва гузаронида  шуд.

Дар чорабинӣ бо дастгирии Раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят ва Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Н. Хусрав зиёда аз 3000 нафар ҷавонони шаҳри Қурғонтеппа ва вилоят штирок намуданд.

Чорабинии мазкур бо шиору овезаҳо оид ба эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор,           2018-2028» оро дода шуда, дар он муовини якуми раиси вилоят, сардорони раёсатҳои ҳифзи муҳити зист ва ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят ширкат намуда, дар бораи дастгирии ҳаматарафа ёфтан ва руҳбаландии мардуми вилоятро иброз намуданд.

Баъди чорабинии фарҳангӣ фаъолону ҷавонони вилоят барои ободу зебо ва хуррам гардонидани майдонҳои «Аскари номаълум» ва «Оташи абадӣ» 400 бех дарахтони ороишию ҳамешасабз шинониданд.