Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинари навбатии бозомӯзӣ оид ба Паёми Пешвои миллат

IMG_8078

Тибқи нақшаи чорабиниҳои роҳандозикардаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурӣ байни њамаи воњидњои сохтории Кумита дар љойњо, алалхусух дар Дастгоњи марказии он семинарҳои доимамалкунандаи бозомӯзӣ ҳар ҳафта ташкил ва гузаронда мешаванд, ки барои тақвият додани иқтидори зеҳнӣ ва малакаи касбии кормандон, аз ҷумла ҷавонон дар љодаи фаъолият мусоидат менамояд.

Бозомӯзии навбатӣ, ки 26 январ дар Кумита баргузор шуд, масъалаҳои амалӣ гардидани нақшаҳои иҷтимоӣ ва баланд  бардоштани  сатњи некӯаҳолии мардум дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат, ки 22 декабри соли соли 2016 ироа гардида буд,  мавриди таҳлил ва баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуд.

Зимни ифтитоњи бозомўзї Раиси Кумита Хайрулло Ибодзода қайд намуд, ки Сарвари давлатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии мамлакат вазифањои мушаххасро пешорўи мо гузоштанд ва моро зарур аст, тибќи њидоятњои Пешвои миллат ба сўи фардои дурахшон роњи худро муайян созем.

Сипас  дар мавзӯи «Амалӣ гаштани нақшаҳои иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволӣ» Сардори шуъбаи  мониторинг ва сиёсати экологии Кумита   Гулбаҳор Қосимова маърӯза намуд. Аз ҷониби маърӯзакунанда мавзуи баррасишаванда бо асноду рақамҳои мушаххас  ба самъи иштирокдорон расонида дода шуд.

Дар рафти бозомӯзӣ  сардорон ва дигар кормандону мутахассисони сохторҳои Дастгоҳи марказии Кумита иштирок доштанд ва фикру андешаҳои худро дар мавриди иқдомҳои созандаву бунёдкоронаи Роҳбари давлат ва Ҳукумати љумњурї баён дошта, бо хусус қайд намуданд, ки ҳар як нафар вазифадор аст, ки дар асоси Паёми Пешвои миллат Нақшаи чорабиниҳои инфиродии худро низ таҳия намуда, баҳри рушду тараќќиёти соњањои иќтисодию ичтимоии Ватан  бо тифоќї  заҳмат кашад.