Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинарҳои омӯзишӣ дар муассисаҳои таълимии ш.Исфара

IMG_20170119_113950

Моҳи январи  соли равон дар ҳамкорӣ бо Раёсати маорифи шаҳри Исфара дар муассисаи таҳсилоти иловагии №1 ва филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара бо иштироки муаллимон, мактаббачагон ва донишҷӯён семинарҳои омӯзишӣ доир гардид. Дар он аз ҷониби мудири бахши ҳифзи муҳити зисти ш. Исфара оиди нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба эълон шудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028»  мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифт.

Ҳамчунин ҷиҳати татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», ҳадаф ва вазифаҳои қабул шудани Барнома, оид ба ҳифз ва истифодаи оқилонаи  олами набототу  ҳайвонот, муаммоҳои партовҳои маишӣ ва роҳҳои ҳалли онҳо дар шаҳр корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида  шуд.

Дар интиҳо иштирокчиёни семинар ҷиҳати ҳамкориҳои муштарак баҳри ҳифзи муҳити зист, баланд бардоштани тарбия ва маърифати экологӣ изҳори ақида намуда, баргузории  чунин семинарҳоро  саривақтӣ  арзёбӣ намуданд.