Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсияи илмӣ- адабии хонандагон дар вилояти Хатлон.

DSCN1126

Бахшида ба қабул шудани Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018 – 2028» аз ҷониби Маҷмаи Умуми Созмони Милали Муттаҳид дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Қурғонтеппа Конференсияи илмӣ – адабӣ баргузор гардид, ки дар он омузгорону хонандагон муассисаҳои таълимии вилоят  иштирок намуданд.

Устодону толибилмон дар мавзуҳои «Оби тоза – манбаи ҳаёт»,  «Об муҷиза», «Об – рушноӣ», «Об сарчашмаи ҳаёт» ва «Ҳастиро сарчашма об аст»  баромад намуданд.

Дар барномаи фарҳангӣ- фароғатӣ хонандагони муассисаҳои таълимӣ, копозитсияи адабӣ «Об барои рушди устувор» ва суруду рақсҳо дар васфи «Оби соф», «Ватан» ва ғайраҳоро пешкашӣ иштирокчиёни Конференсия намуданд. Дар рафти кори конференсия филми ҳуҷҷатии «Об – манбаи ҳаёт» намоиш дода шуд.

Ҳамин гуна коференсияю ҳамоишҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018 – 2028» дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ баргузор гашта истодаанд.