Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсияи илмӣ дар колеҷи тиббии шаҳри Қурғонтеппаи вилояти Хатлон

DSCN0934

Моҳи январи соли 2017 дар доираи иҷроиши «Барномаи давлатии коплекси рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли  2020» дар колеҷи тиббии шаҳри Қурғонтеппа Конференсияи илмӣ дар мавзӯи «Саломатӣ ва ҳифзи муҳити зист » бо иштироки омузгорону донишҷуён баргузор гардид.

Конференсияро директори колеҷи тиббӣ кушода, сипас омузгорону донишҷуён дар мавзуъҳои «Ташаккули мафҳумҳои экологӣ дар дарсҳои биология», «Экология ва аҳолӣ» ва «Муҳофизати табиат вазифаи муқаддаси ҳар яки мост» баромадҳо намуданд.

Дар Канференсия намояндагони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят иштирок намуда, оид ба нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси ОлииҶумҳурииТоҷикистон, оид ба эълон шудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028″ ва инчунин оид ба ҳадафу вазифаҳои иҷроиши «Барномаи давлатии коплекси рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли  2020» суханронӣ намуданд. Дар Конфиренсияи илмӣ викторина байни донишҷуён гузаронида шуда, дар интиҳо барои иштироки фаъолона ба донишҷуёни колеҷи тиббӣ Ифтихорнома ва Сипоснома аз тарафи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон супорида шуданд.