Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохури бо сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Хуросон.

DSCN1121

Дар доираи Нақша-чорабиниҳо ҷиҳати иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати милли, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистн оид ба масъалаҳои экологӣ зикргардида мутахассисони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон баҳри беҳбуди бахшидан ба корҳои ободонӣ,  кабудизоркунӣ, бартараф кардани партовҳои бесоҳиб, солим гардонии муҳити зист санаи 3-феврали соли 2017 дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Хуросон вохӯри бо аҳолӣ барпо намуданд.

Дар вохӯрӣ сардори шуъбаи назорати давлатӣ истифода ва ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳои Раёсат дар бораи тоза нигоҳ доштани сарҳадҳои муҳофизавии шоҳроҳи Қурғонтеппа–Душанбе мавзеъҳои Қизил-қалъа, Бурёбофон, Сарбанд ваЧорбоғ аз партовҳои сахти маишӣ, гузаронидани аксияи «Тозагии маҳал» дар ҳудуди маҳаллаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Сардори шуъбаи Раёсат оид ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2.04.2015с, №178 «Барномаи давлатии комплекси рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии ҶумҳурииТоҷикистон дар давраи то соли 2020» ва бандҳои он ба ҳозирин маълумот дод.

Дар ин ҷамъомад инчунин оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011, №97 «Дар бораи тадбирҳо оид ба ташкил намудани системаи безараргардонӣ, ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва коркарди лампаҳои симобдори аз истифода баромада» бо ҳозирин мулоқотдоир гашт. Мудири бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия Хуросон оид ба гузаронидани аксияи «Тозагии маҳал» дар ҳудуди ноҳияи Хуросон, махсусан сарҳади муҳофизавии шоҳроҳи Қурғонтеппа-Душанбе ифлоскунии заминҳо,  буриши ғайриқонунии дарахтон ва ба расмиятдарории партовҷойҳои нуқтаҳои аҳолинишин суханронӣ намуд.