Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ярмаркаи экологӣ дар шаҳри Кулоб

кулоб 1

Ҷиҳати таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон рӯзи 15.01.2017 сол ярмарка- фуруши ниҳолҳо, гулу гулбуттаҳо, тухмии гулҳо бахшида ба қабул шудани пешниҳоди Роҳбари давлатамон оид ба эълон гаштани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028″ барпо гузашт. Дар миқиёси минтақаи Кӯлоб дар соли 2016 769 га боғу токзор бунёд ва барқарор карда шуд, ки дар ҳифзи амнияти озуқаворӣ таъсири мусбии худро расонидааст.

кулоб 3Дар ярмаркаи мазкур аз 10 шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб 33- хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ 5- боғчаи бачагона 13- мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ иштирок доштанд. Дар ярмарка 62200 адад ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ, 19700 адад ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда дар маҷмуъ 81 900 адад ниҳолҳои дарахтони сояафкан, ороиши ва мевадиҳанда пешкаши шаҳрвандони шаҳри Кӯлоб гардонида шуд, инчунин дар ярмарка гушаҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»  барои солҳои 2018-2028 ташкил карда шуда буд.

Дар ярмарка аз ҷониби кормандони Бозрасии ҳифзи муҳити зисти минтақаи Кӯлоби вилоятиХатлон ба иштирокчиён буклетҳо тақдим карда шуд.

Ярмаркаро муовини аввали раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қ., анҷом бахшида ба хоҷагиҳо ва мактабачагон ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои молӣ аз тарафи Бозрасии ҳифзи муҳити зисти минтақаи Кӯлоб ташкил карда шударо тақдим намуд.