Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси назоратӣ дар Кумита

барои сайтв

9-феврали соли равон дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси назоратӣ оид ба «Рафти корҳои сохтмонӣ дар биноҳои маъмурии мақомоти зерсохтори Кумита дар се соли охир ва вазифаҳо барои солҳои минбаъда» баргузор гардид.

Маҷлисро  Раиси Кумита Ибодзода Х. оғоз намуда, оид ба мавзӯи мазкур мутахассиси сохтмони Раёсати корҳои Кумита Бозоров С. ҳисобот дод.

Маҷлиси назоратӣ масъаларо ҳаматарафа таҳлилу муҳокима карда, вазифаҳои минбаъдаи ин самти фаъолиятро муайян намуда, ба мутасаддиёни соҳа супоришҳои мушаххас дода шуданд.