Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинари омузишӣ барои намояндагони ҷамъиятии экологӣ ва рӯзноманигорони ҷавон

сайти кумита

Санаҳои 4 — 6  феврали соли 2017 дар шаҳри Хуҷанд семинари омузишӣ дар мавзўи «Роҳҳои инъикоси масъалаҳои муҳити зист ва захираҳои табиӣ тавассути унсурҳои чандрасонаи технологияи мултимедиявӣ» доир гардид. Семинари омузишӣ аз ҷониби созмони ҷамъиятии «Гурӯҳи ҷавонон оид ба ҳифзи муҳити зист» дар ҳамкорӣ бо намояндагии Интернюс дар Тоҷикистон ташкил ва гузаронида шуда, дар баргузории он намояндагони созмонҳои ҷамъиятии экологӣ ва рӯзноманигорони ҷавон, кормандони  ВАО дар вилояти Суғд ва намояндагони соњаи ҳифзи муҳити зист  иштирок карданд.

Давоми се руз иштирокчиёни ин чорабинӣ бо инъикоси ҷолиби гузоришҳо тавассути унсурҳои чандрасонаӣ (мултимедиа-акс, видео ва садо) шинос гардиданд. Инчунин оид ба роҳҳои истифодаи босамари захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист маълумот дода шуд. Ҳамчунин бо истифода аз технологияҳои муосир ба монанди сервиси картографии «Mars Engine Line», «Story Map JS», «Timeline JS» ва «Table Public» иштирокчиёни тренинг дар ҷойҳо бо масъалаҳои муҳити зист ва истифодаи захираҳои табиӣ шинос гардида, барои инъикоси он барномаҳои ҷолиб таҳия намуданд.