Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Ашт

IMG_0875 (1)

Тибқи Нақшаи чорабиниҳои баргузории ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, дар доираи 120 рӯзи ободонию кабудизоркунӣ дар ноҳияи Ашт бо маблағгузории бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 100 бех ниҳолњои арча дар километри 3-юми роҳи шаҳраки Шайдон ва дар назди беморхонаи марказии ноҳия  ба миқдори  200  бех ниҳолҳои арча бо усули ҳашар шинонида  шуд.

Корҳои ободонию кабудизоркунӣ дар ҳамаи ҷамоатҳои ноҳия бахшида ба чорабиниҳои ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда идома доранд.