Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинари бозомузии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ

IMG_8094

Санаи 14 феврали соли 2017 дар толори маҷлисгоҳи Кумита бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши кормандони соҳа ва тарбияи кадрҳо семинари бозомузӣ бо иштироки тамоми кормандони Кумита баргузор гардид.
Мувофиқи барнома дар семинари мазкур баромадкунандагон дар мавзӯъҳои «Дарҷи сиёсати хориҷии давлат ва мавқеи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» Мудири бахши Робитаҳои байналмилалӣ Салимов М. ва «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» Сармутахассиси бахши ҳуқуқ Амрихудоев А. баромад карданд. Дар семи- нари мазкур аз ҷониби иштироккунандагон саволу ҷавоб сурат гирифт.