Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Модар

7.03. 17 (1)

Бахшида ба гиромидошти Рӯзи Модар 7 март дар Дастгоҳи марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гашт. Чорабиниро Раиси Кумита Хайрулло Ибодзода оғоз намуда, ба ифтихори ҷашни фархундаи Рӯзи Модар, ки дар фасли зебои баҳор фаро мерасад, занону духтарон-кормандони Кумита ва мақомоти соҳаи ҳифзи муҳити зистро табрику муборакбод намуд.
Дар сухани табрикотии Раиси Кумита қайд гардид, ки Зан-Модар рамзи зебоӣ, манбаи меҳру муҳаббат ва раҳму шафқат буда, ҷаҳонро бо озодагиву нафосат ва назокату малоҳати худ рӯҳи тоза мебахшад. Ба хотири таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқҳои инсониву конститутсионии занон имрӯз давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон тамоми тадбирҳои зарурӣ ва имконпазирро андешида, мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ онҳоро дар амал татбиқ менамояд.
Махсусан қайд карда шуд, ки бонувони соҳаи ҳифзи муҳити зист низ дар қатори дигар занону духтарони кишварамон чӣ дар корҳои хоҷагию оилавӣ ва чӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон саъю талош карда, фаъолияти хуб нишон медиҳанд.
Дар рафти чорабинӣ ба як қатор фаъолзанони соҳа, ки дар пешбурди фаъолияти меҳнатӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида буданд, аз ҷониби Раиси Кумита ифтихорномаҳо тақдим карда шуд.
Барои кормандзанони Кумита дастархони идона густурда шуда, онҳо бо шукргузорӣ аз Сарвари ғомхору раиятпарвар ва тинҷию осоиштагии Ватани азиз, ин рӯзи муқаддасро бо шодиву сурур қайд намуданд.
Алоҳида иштирокдорони чорабинӣ низ таманниёти худро ба занону модарон изҳор намуда, Модарро ҳамшабеҳи баҳор-маҳбуби қалбҳо унвон дода, зикр карданд, ки замин зери қудуми модарон ба гулистон табдил ёфта, дар дили бузурги онҳо тамоми дунё бо меҳри фарзандон меғунҷад.