Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории конфоронси илмӣ-адабӣ дар мавзӯи «Об муқаддасоти олами ҳастӣ»

20170222_102444

Бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор солҳои 2018 — 2028», баҳри татбики талаботҳои Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 6-и ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд конфронси илмӣ-адабӣ дар мавзӯи «Об муқаддасоти олами ҳастӣ» баргузор гардид. Дар он намояндагони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд, кормандони воситаҳои ахбори омма, хонандагон ва устодони мактаби мазкур иштирок доштанд.
Дар рафти конфоронс хонандагони мактаб ҷонибдории худро аз Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» иброз доштанд. Хонандагон дар мавзуъҳои ҳифзи сарватҳои табиӣ, истифодаи оқилона ва сарфакоронаи об баромадҳои пурмазмун намуданд. Дар қисмати адабии конфронс иҷрои шеъру сурудҳо дар васфи Ватан, табиати зебову нотакрор ва ҳифзи он хотири иштирокдоронро боз ҳам шод гардонд.
Баргузории чунин чорабиниҳо дар муассисаҳои таълимӣ барои баланд бардоштани маърифат ва донишҳои экологии хонандагон, ҳамчунин бедор намудани ҳисси ватандустӣ, ҳифз ва истифодаи сарфакоронаи неъматҳои нотакрори табиати диёр мусоидат менамояд.