Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мизи мудаввар таҳти унвони “Табиати зебо мояи ифтихори одамият аст”

20170413_130504

Бахшида ба «Соли 2017 – Соли ҷавонон» , 15 апрел – Рӯзи байналмилалии маърифати экологӣ, баҳри татбиқи «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони “Табиати зебо мояи ифтихори одамият аст” бо донишҷӯён ва устодон доир гардид. Дар рафти чорабинӣ оид ба тағъир ёфтани иқлим, масъалаҳои ҳифзи муҳити зист дар раванди рушди иқтисодии ҷумҳурӣ, таъсири рушди иқтисодиёт ба захираҳои табиӣ ва ифлосшавии муҳити зист, зарурати рушди маърифати экологӣ бо мақсади ноил шудан ба рушди устувор, татбиқи барномаҳои давлатии соҳавӣ ва мақсадҳои асосии қабул шудани онҳо, масъалаҳои ҳалталаби экологии вилояти Суғд баромадҳо шунида шуданд.

Дар рафти вохӯрӣ донишҷӯён оид ба муаммоҳои экологии ҷойдошта, роҳҳои ҳалли онҳо, ҳамчунин пешниҳоду дархостҳо нисбат ба беҳдошти муҳити зист ва баланд бардоштани маърифату дониши экологии аҳолӣ изҳори ақида намуданд. Ҳамзамон иштирокдорони вохӯрӣ ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Раёсат баргузории чунин вохӯриҳоро бо донишҷӯёни дигар донишгоҳҳо низ ба нақша гирифтааст.