Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи якуми соли 2017

20170407_090617

Санаи 7 апрели соли равон дар Маркази бозомӯзии Раёсат дар ш.Гулистон ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар семохаи якуми соли 2017 ва вазифаҳои минбаъда  бо иштироки Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода ва мудири шуъбаи кишоварзии МИҲД вилоят Фирдавс Абдуллозода баргузор гардид. Сардори Раёсат Нӯъмонзода Т.  бо маърӯзаи ҳисоботӣ бобати фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд баромад намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки дар ин давра баҳри пешгирии қонуншиканӣ ва таъмини риояи қонуну қоидаҳои қабулгардида дар самти ҳифзи олами набототу ҳайвонот, захираҳои моҳӣ, манбаъҳои об, замин, муомилот бо партовҳо ва маърифати экологӣ  давраи ҳисоботӣ  натиҷаҳои  хубро муваффақ гардиданд.

Дар ҷаласа фаъолияти хуби бахшҳои шаҳру           ноҳияҳои Панҷакент (Ғафуров А.), Деваштич (Шукуров О.) ва Ҷ.Расулов  (Каримзода Ф.) қайд карда шуда, ба дигар бахшҳо барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳо дода шуд.