Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоти Хайрулло Ибодзода бо Натан Риве ва Хасан Муинидин

IMG_9255

25 апрели соли 2017 дар бинои Кумитаи хифзи муҳити  зисти назди Ҳукумти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Хайрулло Ибодзода, раиси Кумитаи мазкур бо намояндагони Бонки Рушди Осиё дар Душанбе ҷанобон Натан  Риве ва Хасан Муинидин баргузор гардид. Дар рафти мулоқот масъалаҳо роҷеъ ба Барномаи «Идоракунии захираҳои обии ҳавзаи дарёи Панҷ», таҳлил ва тавсияҳои мушовирони Барномаи номбаршуда, тағйирёбии институтсионалии Агентии обуҳавошиносии назди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумаки молиявии БРО ва ғайра баррасӣ гардиданд.

Раиси Кумита  ва намояндагони Бонки Рушди Осиё барои тақвияти ҳамкориҳои тарафҳо оид ба масъалаҳои марбутаи ҳифзи муҳити зист ва дурнамои он ибрози андеша намуданд.