Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

22 — апрел «Рӯзи умумиҷаҳонии замин»

20170422_103646

Бахшида ба ин санаи экологӣ, ба истиқболи 20 солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷиҳати маърифатбахшии аҳолӣ роҷеъ ба масъалаҳои экологӣ, аз қабили ифлосшавии обу ҳаво, замин ва захираҳои он дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон чорабиниҳои экологӣ гузаронида шуд.
Аз ҷумла дар ин рӯз бо дастгирии маркази Орхус-и шаҳри Қурғонтеппа дар майдони Наврӯзгоҳи шаҳр бо ҷалби ҷавонони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ва донишҷӯёни факултаи химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Н. Хусрав корҳои ободиву кабудизоркунӣ амалӣ гардида, бехи дарахтон нарму сафедкорӣ ва аз ҷониби намояндагони муассисаҳои мазкур зиёда аз 500 бех гулҳои рангоранг шинонида шуданд.
Инчунин бахшида ба Рӯзи замин дар литсеи давлатии «Ориёно»-и шаҳри Қурғонтеппа байни хонандагони синфҳои 9-11 семинари илмӣ дар мавзуӣ «Замин саёраи сабзи мост» ва виктаринаи саволу ҷавоб дар мавзуи «Хок ва ҳифзи он» баргузор гардид.
Бо ҷалби хонандагон ва аҳолӣ дар ноҳияҳои Ҷ. Балхӣ, Ҷайҳун, Дӯстӣ ва Панҷ Аксияҳои «Тозагии соҳил» гузаронида шуда, дар ин чорабинӣ зиёда аз 500 нафар шаҳрвандон иштирок намуданд.
Чунин чорабиниҳои илмӣ- амалӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ баргузор гардиданд.