Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конфронси ҷумҳуриявӣ: Омодагиҳо ба истиқболи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

IMG_9264

27 апрел дар толори Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси  ҷумҳуриявӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии  амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028-Имкониятҳои нав барои ноил гаштан ба ҳадафҳои рушди устувор  баргузор гашт.

Мақсад аз баргузории Конфронси мазкур ҳамрайъӣ ва истиқболи самимӣ аз пешниҳоди навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қабули Қатъномаи  Маҷмааи Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 буда, дар кори он намояндагони ташкилоту муассисаҳои гуногун, аз ҷумла Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Вазорати энергетика ва захираҳои об, Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳо, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Агентии беҳдоти замини ва обери назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Заррина Файзуллозода раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сухани ифтитоҳӣ намуда, баъд аз арзёбии ҳадафи чорабинӣ тибқи тартиби муайянгардида вақтро ба ихтиёри баромадкунандагон гузошт.

Бо ин тартиб Султон Раҳимзода муовини якуми Вазири энергетика ва захираҳои об  дар мавзӯи «Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди ташаббусҳои глобалӣ дар соҳаи об» ба таври муфассал ва пурмуҳтаво изҳори андеша намуд, ки фикрронии ӯ ҷанбаи таҳлилӣ дошт. Ҳамчунин суханронӣ ва рӯйнамоҳои намояндагони Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳо, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Агентии беҳдошти замини ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таваҷҷӯҳи иштирокдорони Конфронс қарор гирифт.

Дар суханронии муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ойхон Шарифова қайд карда шуд, ки тамоми паҳлӯҳои  беҳдошти муҳити зист, таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, сатҳи камбизоатӣ, таъмини дастрасии шароитҳои  санитарию гигиенӣ барои тамоми табақаҳои аҳолӣ, ҳалли масъалаҳои тандурустӣ, истеҳсолоти кишоварзию саноатӣ, кабудизоркунию ободонӣ ва ғайра бо рушду идораи оқилонаи захираҳои об вобастагии зич доранд. Барои ҳалли масъалаҳои номбурда ҳамкории муштараки ҳамаи мақомоту   сохторҳои мавҷуда заруранд.

Дар қисмати интиҳоии  Конфронс байни иштирокдорон оид ба мавзӯъҳои матраҳшуда саволаҷавоб сурат гирифта, ба саволҳои пешниҳодгардида посухҳои мушаххас дода шуданд.