Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конфронси илмӣ-амалӣ дар шимоли Ҷумҳурӣ

IMG_4140

Бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 ва эълон гардидани соли 2017 – Соли ҷавонон дар коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 24 апрели соли равон конфронси илмӣ-амалӣ бо иштироки устодон аз факултаи геоэкологияи Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд, омӯзгорон ва донишҷӯёни коллеҷ, намояндагони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят баргузор гардид.
Дар кори конфронс омӯзгорон ва донишҷӯён дар мавзӯъҳои ҳифз ва самаранок истифодабарии об, таъсири фаъолияти одам ба гидросфера, ҳифзи оби тоза – ҳифзи зиндагонист, об ҳамчун неъмати табиат ва роҳҳои пешгирӣ намудани ифлосшавии оби тоза баромадҳо намуданд.
Конфронс дар сатҳи баланди омодагӣ ва ташкилӣ гузаронида шуда, барои махсусан љавонон маводи зиёди омўзиширо фароҳам овард.