Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзўи «Замин-пайванди инсон ба табиат»

IMG_3697

21 апрели соли равон дар Маркази бозомӯзии шаҳри Гулистони вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии Замин (22 апрел) ва ба истиқболи 20-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронси илмӣ-амалӣ дар мавзўи «Замин- пайванди инсон ба табиат» баргузор гардид.
Дар кори конфронс намояндагон аз сохторҳои марбутаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Сарраёсати кишоварзӣ, устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, коршиносону намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ, мутахассисони мақомоти ҳифзи муҳити зист ва намояндагони васоити ахбори омма ҳузур доштанд.
Ба самъи иштирокдорон баромадҳои минбариву рўйнамоии олимону устодон, донишҷӯён ва мутахассисони соҳавӣ доир ба муаммоҳо, ҳифз ва самаранок истифодабарии захираҳои замин дар замони муосир расонида шуд. Ҳамзамон иштирокдорон оид ба ҳолати мелиоративии заминҳои вилоят, сабабҳои ифлосшавии муҳити зист бо нуриҳои сунъӣ ва роҳҳои бартарафсозии он, усули безараргардонии поруи паранда, аҳамияти усули биологию ҳимояи набототи кишоварзӣ дар ҳифзи муҳити зист, истифодабарии самараноки заминҳои корам, меъёри истифодабарии заҳрдоруҳо ва нуриҳои минералӣ, бунёди боғ дар заминҳои камоб ва муаммоҳои партовҳои бесоҳиб дар миқёси вилоят маводи фаровони муфидро азхуд намуданд, ки дар фаъолияти ҳаррузаи онҳо ба кор меояд.