Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рузи якдилии меҳнат

1 май дар бинои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии хотирмон бахшида ба  Рӯзи умумиҷаҳонии  якдилии меҳнаткашон баргузор гашт. Чорабиниро муовини Раиси Кумита Саидумрон Абдураҳмонзода ҳусни оғоз бахшида, кормадону мутахассисони Кумитаро ба ин санаи таърихӣ табрику муборакбод намуд. Қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон чун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба хотири  арҷгузорӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои  меҳнаткашон ин иди меҳнату  якдилии онҳоро таҷлил мекунад.

Дар чорабини инчунин алоҳида иштирокдорон дар атрофи таърихи иди мазкур  суханронӣ  намуда, аз ҷумла изҳор доштанд, ки 1 май дар шинохти мардуми мо ҳамчун «Рӯзи меҳнат», «Рӯзи баҳор», «Ҷашни баҳор ва меҳнат» ва «Рӯзи байналмилалии меҳнаткашон» маъруф аст.