Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинари бозомӯзӣ дар мавзӯи усулҳои татбиқи сиёсати экологӣ оид ба Консепсияи рушди устувор

Дар Дастгоҳи марказии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ширкати роҳбарият, кормандони шӯъбаҳои назорати давлатӣ ва сохторҳои дигари он семинари бозомӯзии навбатӣ зери мавзӯи «Усулҳои татбиқи сиёсати ҳифзи муҳити зист оид ба рушди устувор» баргузор гардид.

Мавзӯи семинари бозомӯзиро сардори Маркази стандартикунонӣ ва меъёрҳои экологии Кумита Бозор Абдураҳимов гузашт. Бозомӯзӣ дар сатҳи баланди фаҳмондадиҳӣ баргузор шуда, тамоми паҳлӯҳои онро дарбар гирифт, ки барои тақвият ёфтани донишҳои соҳавии ҷавонон, ки аксарияти иштирокдоронро ташкил медод, мусоидат хоҳад кард.

Дар қисмати дигари бозомӯзӣ оид ба мавзӯи матраҳгардида ба Б. Абдураҳимов суолҳо дада шуда, ҳамчунин дар баробари гирифтани ҷавобҳои мушаххас алоҳида кормандон фикру андешаҳои худро оид ба беҳтар намудани бозомӯзиҳои минбаъда баён доштанд.