Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бахшида ба 72-юмин солгарди рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Бахшида ба 72-юмин солгарди рӯзи  Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар бинаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии хотирмон баргузор шуд. Дар оғози чорабинӣ Раиси Кумита Хайрулло Ибодзода  сухани табрикотӣ намуда, Ғалабаи  бузургро ба иштирокдорони чорабинӣ ва тамоми зерсохторҳои мақомоти соҳаи ҳифзи муҳити зист табрику шодбош гуфт.

Қайд карда шуд, ки Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аз лиҳози вусъату андоза  ҷанги даҳшатноктарин дар таърихи инсоният  ба шумор меравад, ки бар асари он зиёда 50 миллион одамон  талаф ёфтаанд, ҳазорҳо шаҳру деҳкадаҳо вайрону валангор гаштаанд. 300 ҳазор фиристодагони Тоҷикистон дар қатори  намояндагони дигар  қавму миллатҳо  барои дифои Ватан  ва шарафу номуси  халқи худ мардонавор  мубориза бурдаанд, аз  онҳо 92 ҳазор  дар ин ҷанг ҳалок шудаанд.

Сипас, алоҳида кормандони собиқадори Кумита  аз хотираҳои бо иштирокдорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ бардоштаи худ қиссаҳо намуданд ва насли ҷавонро барои ҳимояи Ватану Модар ва марзу буми аҷдодӣ ҳидоятҳо карданд.

Воқеан ҳам диловарию  мардонагӣ, шуҷоату қаҳрамониҳое, ки фарзандони Тоҷикистон дар қатори намояндагони  дигар қавму миллатҳо  дар муҳорибаи  Ҷанги Бузурги Ватанӣ  нишон додаанд, сазовори таҳсин аст. Наслҳои имрӯзу фардо барояшон ҳамду сано мехонанд ва дар назди ёди неку хотираи ҷовидонаи онҳо  сари таъзим фуруд меоранд.